Главная

Масъалаҳои такмили қонунгузорӣ вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ

 

27.10.2015.

Саидзода М.М. Раиси суди шаҳри Турсунзода.

 

 

 Тули солҳои Истиқлолият бо ташаббусу роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлатӣ таҳкиму рушд меёбанд.

Read more...

МАВОДИ МУХАДДИР СОЯИ НОКОМИҲОСТ

23.07.2015.

 

Саидзода Мањмадисо Мурод, раиси суди шаҳри Турсунзода

 Талоши ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки мардуми мо зиндагии шоистаро дошта бошанд. Зиндагие, ки дар он адолат, озодӣ ва амният риоят шавад. Ба хотири ҳифзи ҳаёти инсон, ғамхорӣ оиди солимии ў ва насли солими миллат пайваста   ба муқобили нашъамандӣ тадбирандешиҳо мешавад. Зеро нашъамандӣ яке аз хавфноктарин падидаи тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Read more...

ПЕШГИРИИ ЗИЁДШАВИИ БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ

 

05.05.2015

Судяи суди шаҳри Турсунзода Назарзода Манучеҳр Ҳалимҷон дар идораи ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо фаолон ва раисони маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти зикргардида дар мавзуҳои «Соли 2015 – Соли Оила» «Пешгирии зиёдшавии бекоршавии ақди никоҳ» ва «Пешгирии қонуншикании Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохури намуд.

Read more...

Ҳам фурӯшандагон ва ҳам харидорон бояд андеша дошта бошанд.

images/torgovlya.jpeg10.05.2015

Раҳимҷон Вализода, Муовини раиси суди шаҳри Турсунзода

Ниёзи ҳаррӯзаи мардум ба маводи хӯрокаро дониста сокини шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Истиқлол А. Шамсиддинов бо нияти дарёфти даромади пулӣ хариду фурӯши ин намуди маҳсулотро ҳамчун шуғли даромаднок интихоб кард. Мавсуф фоидаи беҳтари роҳи даромадро дар харидани маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта дид.

Read more...

ХАЗИНАИ ХОҶАГИРО АЗ КИССАИ ХУД ФАРҚ НАКАРД

 

images/mat.png04.05.2015

Далер АЛИЗОДА, муовини аввали раиси суди шаҳри Турсунзода.

 

Чанде қабл суди шаҳри Турсунзода парвандаи ҷиноятӣ нисбати сокини деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти ба номи Т. Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода А. Сапаровро дар мурофиаи судӣ дида баромад. Маълум гардид, ки номбурда дар асоси қарори маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонии ба номи А. Мирзоеви шаҳриТурсунзода аз 03 июли соли 2013 ба вазифаи мудири фермаи чорвои майдаи шохдори хоҷагӣ таъин гардидааст. Дар давраи фаъолияташ А Сапаров бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ба азонихудкунӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайри ба ӯ бовар карда супорида шуда ба миқдори калон ва қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суйиистифодаи боварӣ, ба миқдори калон машғул шуда, ин ҷинотҳоро дар ҳолатҳои зерин содир кардааст.

Read more...