Совет юстиции Республики Таджикистан
Суд города Турсунзаде
    

Главная

МАВОДИ МУХАДДИР СОЯИ НОКОМИҲОСТ

 

Рў ба афзоиш доштани шумораи нашъамандон ва махсусан ба оқибатҳои хавфнок гирифтор шудани ҷавонон, ки дигар бе кўмак аз ин варта раҳоӣ ёфта наметавонанд, ба яке аз мушкилтарин мушкилоте табдил меёбад, ки ба насли инсоният таҳдид намуда, хусусияти оламӣ касб намуда истодааст.

Бояд гуфт, ки нишондодҳои қонунҳои марбутаи кишвари мо мавриди истифода қарор додани ҳама гуна ашёе, ки хавфнок буда, ба солимии инсон зарар оварда, ўро ба ҳолати мастӣ ва заҳролудшавӣ оварда мерасонад, шадидан манъ кардааст. Ҳамзамон, қонунҳои амалкунандаи кишвар қотеона хардуфурўши ғайриқонунии маводи махаддир, истеъмоли онро манъ намуда, фурўшандагони он ва нашъамандонро маҳкум мекунад.

Чуноне, 19 майи соли 2015 суди шаҳри Турсунзода парвандаи ҷиноятиро бо айбдории зода ва сокини маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода Ф. Фозилов ва З. Комилов (ҳарду қаблан суд шудаанд), сокинони деҳаи Чиртаки ҷамоати деҳоти Навобод И. Қурбонов баррасӣ намуда, гуноҳи онҳоро дар харидуфурўши ғайриқонунии маводи мухаддир бо далелҳо пурра исбот намуд. Суд кирдори З. Комиловро бо моддаи 200 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ба миқдори кам, И. Қурбонов ва Ф. Фозиловро дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3, банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори кам банду баст кард. Ва бо дастрасии моддаҳои дахлдори КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Комилов ба муҳлати 4 сол, И. Қурбонов ба муҳлати 5 сол, Ф. Фазилов ба муҳлати 8 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд. Ҳарсе дар рафти мурофиаи судӣ иқрор шуданд, ки ғайр аз машғул будан ба харидуфурўши ғайриқонунии маводи мухаддири навъи ҳашиш, инчунин истеъмолкунандаи он мебошанд. Бояд қайд кард, ки Ф. Фазилов муҷаррад буда, ду нафари боқимонда соҳиби 3 ва 4 нафарӣ фарзанданд. Хуб медонем, ки агар нафаре гирифтори нашъамандӣ шуд, ў натанҳо худро ба марг ҳукм менамояд, балки дидаву дониста ҳаёти худ ва тинҷиву осудагии хонадон ва баробар бо ин осудагиву тинҷии ҷомеаро зери хатар мегузорад.

Ба истеъмоли маводи мухаддир агар нафаре аз аъзои оила гирифтор гардад, бешубҳа авзои хонадон вайрон мегардад ва ҳатто хатари гирифтор шудани дигар аъзоёни оила ба нашъамандӣ яқин мегардад, ба хусус, он мавриде, ки дар хонавода истеъмолкунанда падар бошад, зеро фарзандон ба ў тақлид карда, зери тарбия ва таъсири ў ба воя мерасанд.

Ҳар касе, қудрати андешаронӣ ва хулосабарорӣ дорад, аз зарару оқибатҳои нашъмандӣ аз қабили зарарҳои ҷисмонӣ ва иҷтимоию иқтисодии он, таъсири равонӣ ба дигар аъзоёни оилаи нафари нашъаманд огаҳанд. Илова бар ин, истеъмоли маводи мухаддир сабаби падид омадани бемориҳои илоҷнопазиру хатарноке мебошад, ки илми тиб аз муолиҷаи бархе аз онҳо оҷиз шуда аст. Зарарҳои иҷтимоии маводи мухаддир бошад, хатарноктарин, бадтарин ва равшантарин зарарҳост. Зеро зарари иҷтимоии ин зуҳуроти хатарнок фарогири ҳам худи фард ва ҳам хонаводаю ҳам ҷомеа мебошад.

Набояд фаромўш кунем, ки иқтидор ва нуфузи ҳар давлат аз вазъи иқтисодияш андозагирӣ мешавад. Маводи мухаддир хатарноктарин воситаи рахна задан ба вазъи иқтисодии ҳар кишвар ва ҳар давлате аст. Бо он хотир, ки харидуфурўши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зиёд гаштани истеъмолкунандагони он яке аз омилҳои аслии паст рафтани сатҳи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ба шумор мераванд. Чун агар дар ҷомеа ин амал зиёд шавад, теъдоди беморон ва ашхоси ғайри қобилияти меҳнат зиёд мешаванд. Дар вуҷуди солими ҷомеа нуқсу заифӣ падид меояд ва ҷомеа наметавонад аз ногувориҳо худро ҳимоя намояд. Дар ҳар ҷомеъае, ки истеъмоли маводи мухаддир зиёд бошад, танбалӣ ва бекорӣ дар он зиёд мешавад. Истифодаи маводҳои нашъаовар барои вайрон шудани оилаҳо, ятим мондани кўдакон, авбошиву ғоратгарӣ, паст рафтани маърифати ахлоқӣ ва садҳо дигар бадиву бадбахтиҳост замина мегузоранд.

Бо хулосабарорӣ аз ҳама гуфтаҳои боло, таъкид менамоем, ки нисбати ин амал бетараф набошем. Фарзандонро дар руҳияи солим, эътирофи волоияти қонун тарбия намоем. Барои он, ки худро аз ҷинояту қонуншиканиҳо дур гирем, бояд барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хеш талош дошта бошем.