Совет юстиции Республики Таджикистан
Суд города Турсунзаде
    

Главная

Масъалаҳои такмили қонунгузорӣ вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ

         Дар ин замина бо мақсади такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеа бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти №271 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 3 январи соли 2011 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ва 5 январи соли 2015 №327 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид, ки ин Барномаҳо дар асоси Паёмҳои Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд.

            Мақсади асосии тасдиқи Барномаҳои мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ,  соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муаассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин такмили қонунҳо ба ҳисоб меравад.

Барои таъмини иҷрои Барномаҳои номбурда як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси му­рофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»ва як зумра қонунҳо оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонунҳоқабул карда шудаанд.

Дар Барномаҳои болозикргардидаба масъалаҳои таъмини фаъолияти шаффофу ошкорои судҳо, қабули қарорҳои қонунию асоснок ба таъмини иҷрои онҳо диққати махсус дода шудааст.

 Воқеан пойдории давлат ва нуфузи беруназмарзии он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии зич дорад.

Дар баробари дигар марҳилаҳои мурофиаи судӣ  истеҳсолоти иҷро яке аз марҳилаҳо ва омилҳои  муайянкунандаи адолати судӣ ба ҳисоб меравад. Ин марҳилаи судӣ  обурую эҳтироми ҳокимияти судиро таҳким ва густариш мебахшад.

Иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомотҳо боварии мардум ва ҷомеаро ба ҳокимияти судӣ зиёд намуда, ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони бузурге мебахшад.

Дар заминаи Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  як зумра қонунҳо қабул карда шуда, ба аксарияти онҳо таѓйироту иловаҳо ворид гардидааст. Масалан, Кодекси мурофиавии гражании, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ».

Масъалаҳои иҷрои санадҳои судӣ асосан дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дарҷ гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки иҷрои санадҳои судӣ марҳилаи ҳалкунандаи баамамлбарории адолати судӣ ба ҳисоб меравад ва иҷрои ин санадҳо асосан ба зиммаи иҷрочиёни судӣ гузошта шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба ўҳдаи иҷрочиён ваколатҳои муҳимро вогузор намуда, мустақиляти онҳоро дар рафти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигари мақомоти давлатӣ таъмин менамояд.

Қонуни мазкур мақоми иҷрочии судро баланд бардоштааст ва мувофиқи он иҷро накардан ё ин ки монеъ шудан ба иҷрои талаботи қонунии иҷроичии суд, паст задани шаъну шарафи ў, таҳдид, истифодаи зўроварӣ, таҷовуз ба ҳайёт, саломатӣ ва молу мулки ў, инчунин ҳаракатҳое, ки барои иҷрои вазифаи хизматии ў монеъ мешаванд, боиси ҷавобгарӣ мегарданд.

Дар асоси қонуни мазкур барои самаранок гардидани фаъолияти иҷрочиён ва иҷрои саривақтии санадҳои судӣ дар шакли ҳомили электронӣ ва қоѓази Феҳристи қарздорон тартиб дода шуд, ки мақсади он ба низом даровардани  қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлубӣ он мебошад.

Бо мақсади минбаъд такмил додани соҳаи истеҳсолоти иҷро, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 феврали соли 2011, таҳти №1-21 «Консепсияи дурнамои инкишофи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки мувофиқи боби 16-и он, таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва дар он пешбинӣ намудани  меъёрҳои танзимкунандаи тартиби соддагардонидашудаи ба савдои оммавӣ баровардани молу мулки манқул ва ѓайриманқули ҳабсгардида, якхелакунӣ ва ҳамоҳангсозии он бо қонунгузории давлатҳои мутаррақии ҷаҳон дар назар дошта шудааст.

Дар раванди амалӣ намудани Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Консепсияи мазкур барои такмили қонунгузорӣ доир ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» зиёда аз бист таѓйироту иловаҳо ворид карда шудааст.

Истеҳсолоти иҷро тадриҷан ба ҳайси яке аз омилҳои муҳими давлатдорӣ, таъмини воқеии адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлат мақоми хоса намуда истодааст.

Иҷрочиёни суд имрўзҳо дар фаъолияти худ барои нигаронидани ситониш ба молу мулке, ки ба ҳабс гирифта шуда, инчунин дар гарав мононда шудаастҳангоми ба савдои оммавӣ баровардан ба як қатор мушкилиҳо рў ба рў шуда истодаанд (м.480-и КГ ва моддаҳои 52-56-и ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»).Аз ин рў, қонунгузорӣ дар ин самт такмил мехоҳад.

Ҳамин тариқ, бояд зикр намуд, ки иҷрои санадҳои яке аз марҳилаҳои асосии истеҳсолоти судӣ ба ҳисоб меравад, чунки санади иҷронашудаи судӣ обурўи эътибори ҳокимияти судиро коста гардонида, эътиқоду эътимоди  ҷомеаро ба ин ҳокимият заиф менамояд.