Совет юстиции Республики Таджикистан
Суд города Турсунзаде
    

Главная

АХБОРОТИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар давраи кори соли 2014 судяҳои суди шаҳри Турсунзода корҳои зеринро ба иҷро расонидаанд. Дар ин давра дар маҷмӯъ 232 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати 287 ашхос баррасӣ карда шудааст. Аз 232 адад парвандаи ҷиноятии баррасигардида, ягон парвандаи ҷиноятӣ бинобар сабаби тобеият ба дигар суд ирсол карда нашуда, ду адад парванда ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шудааст. Вобаста ба парвандаҳои ҷиноятии баррасигардида 90 адад таъиноти хусусӣ бароварда шудааст. Нусхаҳои таъинотҳои хусусии баровардашуда барои чораҷӯи ба мақомоти дахлдор фиристонида шудааст. Аз шумораи умумии ин парвандаҳои баррасигардида 43 адад парвандаи мазкур дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидаанд. Инчунин, аз тарафи судяҳои суди шаҳри Турсунзода дар маҷмӯъ 497 парвандаи гражданӣ ва 1137 парвандаи оилавӣ баррасӣ гардидааст. Аз шумораи умумии парвандаҳои граждании баррасигардида 125 адад парванда дар мурофиаи сайёри судӣ баррасӣ шудааст. Аз шумораи умумии парвандаҳои оилавии баррасигардида 196 адад парванда дар мурофиаи сайёри суди баррасӣ гардидааст. Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида бо парвандаҳои гражданӣ 42 адад ва бо парвандаҳои оилавӣ 101 адад таъиноти хусусӣ бароварда шуда, барои чораҷӯи ба мақомоти дахлдор фиристонида шудааст. Аз тарафи судяҳои суди шаҳри Турсунзода дар давраи кори соли 2014 дар маҷмӯъ 1549 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Аз рӯи 145 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ислоҳ кардани камбудиҳо ва бартараф намудани сабаб ва шароити содиршави он пешниҳоду таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, ба суроғаҳои дахлдор равон карда шудааст. Аз миқдори парвандаҳои баррасишуда 327 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидаанд. Инчунин, аз тарафи судяҳои суди шаҳри Турсунзода дар соли 2014 дархостҳо оид ба татбиқи чораи пешгирӣ 146 адад баррасӣ карда шуда, қонеъ гардонида шудаанд. Дар маҷмӯъ оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 апрели соли 2014 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқоту тарғиботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, пешгирии зиёдшавии бекор кардани ақди никоҳ, масъалаҳои фарзандхондӣ, пешгирии амалҳои хусусиятҳои коррупсионӣ дошта ва худдорӣ намудан аз додани пора ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», терроризм, экстремизми сиёсӣ, хариду фурӯши одамон, қаллобӣ, одамрабоӣ ва ғайра, 393 баромаду вохурӣ, 44 мақола, 28 барномаҳо дар телевизион ба навор гирифта шуда, 12 баромад дар садо сабт карда шудааст. Дар ин давра мувофиқи Нақшаи кории суди шаҳри Турсунзода ва дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Азиззода З.Н. ҷамбастии амалияи судӣ гузаронида шудааст. Вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ 4 адад ҷамбасти амалияи судӣ, 9 адад пешниҳод, 2 адад аз рӯи парвандаҳои гражданӣ 8 адад пешниҳод, 2 адад аз рӯи парвандаҳои оилавӣ 15 адад пешниҳод, 4 адад ҷамбастӣ аз рӯи парвандаҳои маъмурӣ, ки ҳар як ҷамбасти ду моддаро дар бар мегирад 8 адад пешниҳод, ҷамъ 40 адад пешниҳодот бароварда шуда ба суроғаҳои дахлдор барои чораҷӯи ирсол карда шудааст. Раиси суд, муовини раис ва судяҳо рӯзҳои шанбе қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, дар соли 2014, 46 нафар шаҳрвандонро қабул карда, роҷеъ ба муроҷиати онҳо чораҳо андешидаанд. Нисбати 64 парвандаи ҷиноятӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 573340 (панҷсаду ҳафтоду се ҳазору сесаду чил) сомонӣ таъин карда шуда, аз он 315170 (сесаду понздаҳ ҳазору яксаду ҳафтод) сомониаш рӯёнида шудааст. Маблағи 258170 (дусаду панҷову ҳашт ҳазору яксаду ҳафтод) сомонӣ дар ассоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар истеҳсолоти суд қатъ карда шудааст. Оид ба парвандаҳои гражданӣ маблағи 43688,04 (чилу се ҳазору шашсаду ҳаштоду ҳашт) сомонию 04 дирам боҷи давлатӣ рӯёнида шуда, ба фоидаи давлат гузаронида шудааст. Оид ба парвандаҳои оилавӣ маблағи 28564,48 (бисту ҳашт ҳазору панҷсаду шасту чор) сомонию 48 дирам, боҷи давлатӣ рӯёнида шуда аз ин маблағ 27105 (бисту ҳафт ҳазору яксаду панҷ) сомонӣ аз тарафи суд рӯёнида шуда 1459,48 (як ҳазору чорсаду панҷову нуҳ) сомонию 48 дирам ҷаримаҳо барои рӯёниш ба иҷрочиёни суди шаҳри Турсунзода ирсол шудааст. Оид ба парвандаҳои фармонӣ маблағи 1675,14 (як ҳазору шашсаду ҳафтоду панҷ) сомонию 14 дирам боҷи давлатӣ рӯёнида шуда, ба фоидаи давлат гузаронида шудааст. Оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷмӯъ 242780 (дусаду чилу ду ҳазору ҳафсаду ҳаштод) сомонӣ ҷаримаи таъин карда шуда, аз он 236100 (дусаду сию шаш ҳазору сад) сомониаш аз тарафи суд рӯёнида шудааст. Маблағи 6680 (шаш ҳазору шашсаду ҳаштод) сомонӣ ҷаримаҳо барои рӯёниш ба иҷрочиёни суди шаҳри Турсунзода ирсол шудааст. Дар сомона ва бинои суди шаҳри Турсунзода Нақшаи қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои корӣ ва инчунин, дар рӯзҳои шанбе ва гӯшаи эълонҳо барои таҳия намудани рӯйхати парвандаҳои ҳар ҳафта баррасишаванда овезон карда шудааст. Зиёда аз ин, дар сомонаи суди шаҳри Турсунзода (www.suditursunzoda.tj) ҳамарӯза санадҳои қабулкардаи судяҳо ва баромаду ворхӯриҳои дар Ҷамоату деҳотҳо ва дар маҷаллаҳо ворид карда шуда, шаҳрвандон метавонан аз корӣ суди шаҳри Турсунзода ҳамарӯза бо хабар бошанд. Ҳамаи иттиллои лозимаро метавонанд аз сомонаи дар боло зикркарда дастрас намуда, арзу шикоятҳои худро дар сатри «қабули электронӣ» ворид намоянд, ки аз ҷониби Раиси суд фавран посух дода мешавад. Дар дохили бино навиштаҷот дар бораи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», Каҳрамонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиорҳои пандомези шоирон овезон карда шудааст. Дар рӯзномаи маҳаллии «Диёри Турсунзода» аз ҷониби Раис, муовин ва судяҳо мақолаҳо оиди пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, марбут ба парвандаҳои оилавӣ, вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ, кам кардани синни никоҳӣ, тарбияи фарзадон, ба чоп расонида шудааст. Дар телевизиони давлатӣ «Ҷаҳоннамо» оиди «Нақши мақомоти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон тибқи Конститутсия» ва маҳаллӣ оиди пешгири ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъҷалобӣ, худкушӣ ва худсузӣ, фаҳмондадиҳи мазмуну муҳтавои Пайёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014, рӯзи артиши Миллӣ, Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» пешгирии зидшавии амалҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии зиёдшавии бекор кардани ақди никоҳ, терроризм, экстремизми сиёсӣ, қаллобӣ, баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, ва ғайра, баромад намудем. Дар корҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва маҷлиси машваратии Ҳукумати шаҳри Турсунзода, машғулиятҳои семинарии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаем. Ҳамаи Қарору Фармонҳои Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба суд ворид гардидаанд омӯхта, баҳри иҷроиши онҳо чораҳои зарурӣ андешидем.