Совет юстиции Республики Таджикистан
Суд города Турсунзаде
    

Главная

Таълиму Тарбия

Њатто дар муносибати миёни одамон њолатњо зўроварї нисбати якдигар, бахусус њангоми муноќишањо њамчун як ќоидаи муќаррарї зоњир мегардад. Гоњо мешавад, ки зимни зўроварї одамон ѓайр аз истифодаи ќувваи бозу боз аз асбобњои дигаре, ки барои њаёти одамон хавф эљод мекунанд, истифода мебаранд. Дар чунин мавридњо бо хотири риояи тартибот ќонунњо амал мекунад, ки давлати мо низ бо чунин низом ташаккул ёфтааст. Бояд ќайд кард, ки дар љумњурии мо низ чун давлати њуќуќбунёд нисбати рафтори шањрвандон барои содир намудани зўроварї бо ќасдан расонидани зарари вазнине, ки барои њаёти инсон хавфнок аст, ќонун љавобгариро пешбинї намудааст.

Моњи апрели соли љорї суди шањри Турсунзода парвандаи љиноятиро нисбати сокини дењаи Навободи љамоати дењоти ба номи Љ.Рањмонов Њамраев Њасан Мамаюсупович баррасї намуда, номбурдаро дар содир намудани љинояти дар моддаи 110 ќисми 1 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинишуда, яъне барои ќасдан расонидани зарари вазнине, ки барои њаёти инсон хавфнок мебошад, айбдор донист.

Њамраев Њасан Мамаюсупович дар рафти маљлиси судї бо айби барояш эълон карда шуда худашро пурра гунањкор њисобида, чунин нишондод дод, ки ў соати 16,30 даќиќаи санаи 02.12.2014  њангоми муноќиша бо њамсояаш Эргашев Одилљон Хусанбоевич, ки дар њолати мастї ќарор дошта, сабабгори муноќиша низ ў буд, бо корд ду маротиба ба бадани Эргашев Одилљон Хусанбоевич задааст. Гарчанде Њамраев Њасан Мамаюсупович ба гуноњаш пурра иќрор ва аз кардааш пушаймон буд, суд хусусияту дараљаи хавфнокии љамъиятии љинояти содиршуда, сабабњои содир намудани љиноят, тарзи амал ва шахсияти гунањкорро ба инобат гирифта, дар  доираи муќаррароти моддаи болозикр ба ў љазои мањрум сохтан аз озодї ба муњлати 5 сол таъин кард.

Бо таъин намудани љазо нисбати Њамраев Њасан Мамаюсупович  наметавон гуфт, ки дар ин амал нуќта гузоштан мумкин аст. Суоле ба миён меояд: агар калонсолон худ даст ба љиноят зананд, яке дар њолати мастї љанљолу муноќиша карда, осоиши дигаронро халалдор созаду дигаре дар љавоб бо истифода аз корд зўроварї нишон дињад, пас ин ду нафар чї гуна метавонанд фарзандонашонро тарбияи нек кунанд? Њарду дар синну соле ќарор доранд, ки бояд дар зиндагї намунаи ибрати фарзандон ва њамсолони онњо бошанд, ба љавонон роњи дурусти зиндагї, риояи њар гуна ќонуну ќоидањоро омўзанд, аз хато кардану содир намудани љиноятњо њушдор дињанд. Њамсояњо, ки шахсони рўзгордидаанд, метавонистанд дигаронро огоњ  кунанд, тавсия  дињанд, ки одамон бояд нисбати њамдигар њалиму мењрубон бошанд, фањмонанд, ки агар    як нафаре ба дигаре бадиро  раво дид, њатман дар љавоб  бад посух хоњад гирифт. Чуноне, ки Эргашев Одилљон Хусанбоевич дар љавоби рафтори мастонааш љароњат гирифту Њамраев Њасан Мамаюсупович дар љавоби аъмолаш муддати панљ сол аз озодї мањрум гардид.

Таъкидамон барои чунин нафарон он аст, ки њангоми рух додани чунин вазъият вазифаи њар як фарди бохирад ислоњ шудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад.

Њамраев Њасан Мамаюсупович ва Эргашев Одилљон Хусанбоевич барин ашхосе, ки ба чунин тариќи зиндагї пой гузоштаанд, мебояд ба хотири ислоњ ва таъмини ояндаи бенуќси фарзандону пайвандон роњи дуруст ва салоњи кори хешро интихоб кунанд.

Агар мо њамеша дар фикри салоњи кори хеш бошем ва дар ин замина кўшиш намоем, љомеаи мотинљ ва мардум осоишта зиндагї хоњанд намуд. Ин оромишу осоиштагї бошад, бешубња яке аз омилњои асосии рушду пешрафти давлат ва њаёти осудаи њар фарди кишвар  хоњад гашт.

 

Р. ВАЛИЗОДА

Муовини раиси суди шањриТурсунзода