Совет юстиции Республики Таджикистан
Суд города Турсунзаде
    

Главная

ХАЗИНАИ ХОҶАГИРО АЗ КИССАИ ХУД ФАРҚ НАКАРД

Аввалҳои моҳи июли соли 2013 сарчӯпони хоҷагии деҳқонии ба номи А. Мирзоев Тошмирзоев Абдуҷалил ба ӯ дар бораи аз ҳисоби саршумори чорвои аз меъёр зиёд фавтидаи ҳуҷҷатгузорӣ нашуда ва дар ҳисоботҳо барзиёд нишон додашуда ба амал омадани камомад муроҷиат кард. А. Сапаров бо истифода аз мақоми хизматии худ ба боварии сарчӯпон А. Тошмирзоев даромада, ба ӯ ваъда кард, ки бар ивази маблағи муайян камомади саршумори чорвои дар зерҳисоби ӯ ҷойдоштаро рӯпӯш мекунад. А. Тошмирзоев ба ӯ бовар карда, 10 июли соли 2013 маблағи 6000 сомонӣва 07 сентябри соли 2013 маблағи 4000 сомонӣ, ҷамъ 10000 сомониро ба А. Сапаров дод. Номбурда ин маблағро аз А. Тошмирзоев гирифта, онро тасарруф ва барои эҳтиёҷоти шахсиаш хароҷот намуд вале хилофи ваъдаи кардааш саршумори фавтидаву изофанависишударо ҳуҷҷатгузорӣ накард. А.Сапаров инчунин ҳангоми дар вазифаи мудири фермаи чорвои майдаи шохдори хоҷагии деҳқонии ба номи А. Мирзоеви шаҳри Турсунзода кор карданаш, бо истифодаи ваколати мансабдорӣ, ба азонихудкунӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайри ба ӯ бовар карда супоридашуда, ба миқдори калон даст зад. Чунончӣ, ӯ аз хазинаи хоҷагӣ дар асоси ордерҳои хароҷотии хазинавӣ муддати аз 19 августи соли 2013 то 14 ноябри соли 2013 ҷамъ ба маблағи 146710 сомониро ба зерҳисоби худ гирифта, қисми ин маблағҳоро барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ хароҷот намуд. Дар ин ибора ба муҳосибот ҳисобот супорида, аз он ҳисоб 1547,59 сомониашро азони худ ва барои эҳтиёҷоташ хароҷот намуд. Ҳамнчунин, А. Сапаров дар асоси санад аз 02 ноябри соли 2013 аз сарчӯпонҳо Ш. Хидиров, А. Ҳамзаев, Б. Гулов, О. Караевва А. Тоҷиев ҷамъ 203 сар чорвои майдаи шохдор қабул карда, дар давоми моҳҳои ноябр-декабри соли 2013-ум 81 сар чорвои майдаи шохдорро, ки ба ӯ бовар карда супорида шуда буданд, боистифода аз ваколати мансабдориаш фурӯхта, маблагӣ онро азони худ кард. Маълум карда шуд, ки А. Сапаров дар давраи фаъолияташ 51 сар чорвои калони шохдорро ҷамъ ба маблағи 16000 сомонӣ фурухта, ин маблағро ба хазинаи хоҷагӣ ворид накарда, азони худ кард. Умуман, Сапаров А. дар давраи аз 03 июли соли 2013 то охири декабри соли 2013 ҳамагӣ маблағи 63807,59 сомониро аз худ карда, бо ин кирдораш ба хоҷагии деҳқонии ба номи А. Мирзоеви шаҳри Турсунзода зарари калони моддӣ расонид. Чунин гумон меравад, ки тӯли ҳама соли фаъолияти худ А. Сапаров хазинаи хоҷагиро аз киссаи худ фарқ намекардааст. Вале чашми бинои қонун ин ҷинояти ӯро ошкор намуд. Кирдори А .Сапаров бо моддаи 245, қисми 3, банди «а» ва моддаи 247 кисми 3 банди «а» КҶ ЧумҳурииТоҷикистон банду баст карда шуд ва суди шаҳри Турсунзода дар асоси моддаҳои дахлдори КМҶ ҶумҳурииТоҷикистон таъиноти худро баровард. … Феълан А. Сапаров зарари расонидаашро бо пуррагӣ ба ҷабрдидагон талофӣ кардааст..