Совет юстиции Республики Таджикистан
Суд города Турсунзаде
    

Главная

ПЕШГИРИИ ЗИЁДШАВИИ БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ

Зимни вохури аз ҷониби судя Назарзода М. қайд карда шуд, ки дар таърихи 23 январи соли 2015 Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сиёсати дохили ва хориҷии кишвар» баргузор гардид, ки дар он бо пешниҳоди бевоситаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли 2015 ҳамчун Соли Оила эълон гардид. Зеро оила иттифоқи ихтиёрии мард ва зан буда ячейкаи асосии ҷамъиятро ташкил менамояд. Аз маълумоҳои омори бармеояд, ки сол то сол бекоршавии оилаҳо дар ҷумҳури алалхусус дар байни оилаҳои ҷавон зиёд шуда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон барои ташкил ва пешбурди хоҷагии умуми мустақили оиладори ба таври дахлдор омода набуда, бо сабабҳои ночиз бо аризаҳои даъвогӣ оиди бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда, ақди никоҳҳояшонро бекор намуданашонро мепурсанд. Аз ин ҳолат бармеояд, ки волидон, ҳангоми ба воя расонидани фарзандони худ охиринро ба таври дахлдор барои пешбурди ҳаёти мустақилона омода нанамуда тарбияи дурусти маънави намедиҳанд. Қайд кардан зарур аст, ки санаи 25 апрели соли 2015 аз ҷониби сокини деҳаи А.Мирзоев Маматкаримов М. қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон гардида, маросими туи арусии духтарашро соати 8:00 дақиқа не, балки соати 7:00 дақиқа оғоз кардааст ва дар асоси қарори суди шаҳри Турсунзода ҳуқуқвайронкунанда гунаҳгор дониста шуда нисбаташ ҷазои маъмури дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4000 сомонӣ таъин карда шуд. Ҳангоми мурофиаи суди муайян карда шуд, ки ҳуқуқвайронкунанда Маматкаримов М. бинобар гарм шудани ҳаво хостаст маросими туйро барвақтар дар вақти салқини баргузор намояд. Аммо қонун – қонун буда ҳама дар назди қонун ва суд баробар аст ва ба ҳеҷ кас ҳуқуқи вайрон намудани он иҷозат дода намешавад. Ба фаолон ва раисони маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов тавсия дода шуд, ки бо аҳолии маҳал баромаду вохуриҳоро ба таври дахлдор ба роҳ монда қонуншикании содирнамудаи ҳамдеҳаашонро муҳокима намуда, дар оянда нагузоранд, ки шахсе қонунро вайрон намуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ шавад. Инчунин дар рафти вохури судяи суди шаҳри Турсунзода Назарзода М.Ҳ. ба саволҳои ҳузурдоштагон ҷавобҳои мушаххас гардонд.