Совет юстиции Республики Таджикистан
Суд города Турсунзаде
    

Главная

Ҳам фурӯшандагон ва ҳам харидорон бояд андеша дошта бошанд.

А. Шамсиддинов санаи 14 январи соли 2015 бо мақсади минбаъд бо фоидааш фурӯхтан аз мағозаи хӯроквории воқеъ дар кӯчаи К. Ҷӯраи шаҳраки Пахтаободи ҷамоати деҳоти Пахтаобод бо маблағи умумии 168 сомониву 40 дирам навъҳои печении намуди «Супер-контик», «Нисо» ва «Субҳ», 6 адад замбуруғи консервакунонидашуда, 6 адад афшураи намуди «Солнечний апелсин», 1 адад афшураи «Фанта» ва 1 адад қайлаи помидор –кетчупро, ки муҳлати истифодабариашон гузашта буд, харидорӣ кард. Вале фурӯхтани ин миқдор маҳсулоти пастсифати хӯрока ба А. Шамсиддинов муяссар нагашт. Саломатии харидорони эҳтимолии ғофил бо шарофати дахолати саривақтии мақомотҳои дахлдор аз осеб эмин монданд. А. Шамсиддинов ҳангоме, ки ба тиҷорати молу маҳсулот, бахусус маҳсулоти хӯрока машғул буд, бояд ҳамчун шаҳрванди масъулиятшинос ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро эътироф ва волияти қонунро дар ин маврид таъмин менамуд.На ончуноне, ки барои манфиатҳои шахсӣ фурӯши маҳсулоти пастсифатро ба роҳ монда, барои саломатии аҳолӣ хавф эҷод мекард. Бояд гуфт, ки ин амал аз нигоҳи қонунҳои амалкунандаи кишвар ҷиноят маҳсуб ёфта, дар моддаҳои дахлдори КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин ҷиноят ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Суди шаҳри Турсунзода низ бо дарназардошти далелҳои дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати А. Шамсиддинов ҷамъовардашуда кирдори номбурдаро бо моддаи 32 қисми 3-294 қисми 2 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сӯиқасд ба фиреби истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати пасти маҳсулот дар корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки ба фурӯши молу маҳсулот ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғуланд, ба миқдори калон банду баст намуд. Ҳамчун ҷазо суди шаҳри Турсунзода нисбати А. Шамсиддинов ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо баробар ба 4000 (чор ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти фурӯшандаи маҳсулотҳои ҳӯрокворӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин кард. Яқин аст, ки ин кирдори А. Шамсидинов барин фурӯшандагон дар шароити феълӣ мисоли ягона нест. Имрӯз шаҳрвандони дигареро низ пайдо намудан мумкин аст, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ё тоҷир бо чунин тарзи савдои молу маҳсулоти пастсифат ва бо ивази хатар эҷод кардан ба саломатии мардум маблағ ба даст меоранд ва ё рӯзгузаронӣ мекунанд. Ҳушдорамон бар он аст, ки истеъмолкунандагони муҳтарам низ дар мавриди хариди молу маҳсулот бепарвоӣ накананд. Гузашта аз ин бо баҳонаи арзонтар будан молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузаштаро харидорӣ накунанд ва саломатии худу наздиконашонро зери хатар нагузоранд. Дар ҳоле, ки фасли гармо оғоз шудааст, ҳангоми харид ҳатман аз муҳлати истифода ва шароити санитарии нигаҳдошти маҳсулот эътибор диҳанд. Мисоле, ки дар кирдори А. Шамсиддинов оварда шуд, албатта барои худи ӯ, ки аз марзи муқаррарнамудаи қонун берун пой гузошт, нохуш - бо ҷарима ва маҳрумият аз фаъолияти фурушандагӣ анҷом ёфт. Вале паёмаде, ки аз бепарвогии худи харидорон-истеъмолкунандагон ба сарашон меояд, шояд нохуштар бошад.