Совет юстиции Республики Таджикистан
Суд города Турсунзаде
    

Дафтархона

Шўъбаи умумӣ «Дафтархона»-и суди шаҳри Турсунзода аз 3 (се) дафтархона иборат мебошад. Дафтархонаи ҷиноятӣ, маъмурӣ ва гражданӣ-оилавӣ.


Фаъолияти ҳамаи дафтархонаҳо аз рўи дастурамали коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.


  • Дафтархонаи ҷиноятӣ: Бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигаҳдошти парвандаҳои чиноятӣ. Инчунин, таҳия ва ирсоли хуҷҷатхо ҷиҳати иҷрои ҳукм, қарор, таъинот ва ба назорат гирифтани маълумот оид ба иҷрои онхо. Баҳисобгирӣ ва нигаҳдошти далелҳои шайъӣ, бақайдгирӣ ва ба ҳисобгирии ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ, ки ҷихати иҷро ба иҷрочиёни суд дода мешаванд.

  • Дафтархонаи маъмурӣ: Бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигаҳдошти парвандаҳои маъмурӣ. Инчунин, таҳия ва ирсоли хуҷҷатҳо ҷиҳати иҷрои қарору таъинотҳо ба назорат гирифтани маълумот оид ба иҷрои онхо. Ирсол намудани пешниҳодот ва нигаҳдошти далелҳои шайъӣ.

  • Дафтархонаи гражданӣ-оилавӣ: Бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигаҳдошти парвандаҳои гражданӣ-оилавӣ. Инчунин, таҳия ва ирсоли хуҷҷатҳо ҷиҳати иҷрои ҳалномаҳо, таъинот ва ба назорат гирифтани маълумот оид ба иҷрои онҳо. Бақайдгирӣ ва ба ҳисобгирии ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ, ки ҷихати иҷро ба иҷрочиёни суд дода мешаванд.